БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГИҲО

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Санаи 24 феврали соли ҷорӣ масъулини ташкилоти ибтидоии “Боғчаи №1” дар асоси дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ оид ба баргузории корҳои ободони дар назди биноҳои корӣ ва маҳаллаҳои вобастшуда бо иштироки ҳамаи кормандони боғчаи мазкур шанбегӣ доир намуданд.Дар ин росто масъулин корҳои ободониро ба роҳ монда як қатор корҳоро аз қабили нарм намудани замин ва тоза кардани алафҳои бегона, шинонидаги гулҳои ороиши ва дарахтони ҳамешасабро ба иҷро расониданд.