БОЗДИДИ ҶАВОНОН АЗ ҲОЛАТИ БУБОШИ САРБОЗОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Санаи 22 – феврали соли ҷори дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор  оид ба истиқболи сазовори ҷашни 31 – солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон бо мақсади шиносоӣ аз шароити буду бош ва хизмати сарбозон дар Дидбонгоҳи №8 як гурӯҳ ҷавонони синни даъватӣ, аъзои фаъол ТҶҶ “Созандагони Втан” ва волонтиёрони ҳизбӣ бо роҳбарии раси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад, муовини раиси ноҳия Раҳматуллозода Дилбар ва аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ Раҳимзода Раъно дидан намуданд.Воқеан ҳам муҳити тозаву озода, ободу сарсабз, шароити хобу хӯрок, ороиши ҳудуди дидбонгоҳи мазкур, нуқтаҳои мутобиқ ба хизмати аскарӣ эътимоду боварии ҷавонони ба синни даъватиро ба хизмат афзун намудааст.Хизмат дар сафи Артиши миллӣ шараф ва ифтихору нишонаи ҷавонмардӣ буда, барои тарбияи рӯҳию ҷисмонӣ ва сайқали тафаккури ҷавонон мактаби бузург аст. Ҳамзамон ҷавонон аз шиору овезаҳо, гӯшаҳои тартибдодашудаи оинномаву низомномаҳои ҳарбӣ дар ҳудуди дидбонгоҳ дидан намуданд, ки ин худ далели он аст, ки воқеан ҳам дар муддати хизмат сарбозон бо аз худ кардани донишҳои ҳарбию техникӣ ва дигар ҳунарҳо соҳибихтисос гардида, ба назди волидон бармегарданд. Меҳмонон на танҳо аз дидори сарбозони ҷасур ифтихору шодӣ мекарданд, инчунин аз рушду ободии Ватан ва ваҳдату ҳамдилии сарбозон, ки аз гӯшаҳои гуногуни кишвар ба хизмати Модар-Ватан омадаанд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.