МУЛОҚОТИ РУБАРУ БО САРБОЗОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар Дидбонгоҳи сарҳадии №8 дардоираи як чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ мулоқоти ру ба руи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад бо сарбозони дидбонгоҳи мазкур доир карда шуд.Зимни суханронӣ Вализода Муҳаммад иброз доштанд, ки бунёд ва таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳ дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ва дар корномаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи дурахшоне мебошад. Бо ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, айни замон Артиши миллӣ қодир аст амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми кишварамонро пурра таъмин намояд. Зеро, қудрату тавоноӣ ва омодагии комили Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна хавфу хатар ва таҳдидҳо ҳам дар амал ва ҳам дар машқҳои низомӣ борҳо собит гаштааст.  Имрӯз, ки ҳифзи Ватан, сулҳу суббот, осоиштагии мардуми сарзаминамон – ҷавҳари асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона намоем, то мардуми шарифи Тоҷикистон ҳис намоянд ва хотирҷамъ бошанд, ки Артиши қобили муҳофизати марзу буми кишвар ва истиқлолият доранд ва онҳо метавонанд бо хотири осуда таҳти муҳофизати ин Артиш меҳнату ҳаёти осоишта намоянд.