ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ – ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи нақша чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” оид ба баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ҷиҳати истиқбол аз солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ масъули ва намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф - ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеаро бо сарбаландӣ иҷро карда меоянд. Дар идома аз ҷониби донишҷӯён дар васфи Ватан ва Артиши миллӣ шеърҳои пурмуҳтаво қироат гардида, саҳнаҳои баландмазмун ба намоиш гузошта шуданд, ки ҷолиб ва диданӣ буданд. Ба ҷавонон таъкид шуд, ки Қувваҳои мусаллаҳ мактаби шуҷоат ва ҷасорат буда, сипари боэътимоди Ватан маҳсуб меёбад. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ рисолат, қарз ва вазифаи ҷавонон унвон шуда, даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати ҳифзи амният ва манфиати миллӣ саҳмгузор бошанд. Ҳамзамон аз тарафи хонандагон маҳфили шеъру суруд дар васви Ватан баргузор карда шуд