АКСИЯИ ҲИЗБИ БАХШИДА БА 31 – СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо ташаббуси роҳбари бахши ноҳиявии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор санаи 21 феврали соли ҷорӣ дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Фархор аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Ба Ватан содиқем” бахшида ба 31 – солагии таъсисёбии Артиши миллӣ баргузор карда шуд. Дар Аксияи мазкур волонтиёрон ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ба сокинони ноҳия маводҳои табрикотию таблиғотӣ тақсим намуданд.