ҲИФЗИ ПИРЯҲО ТАШАББУСИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Чиҳати истиқбол аз ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар самти ҳаллӣ масъалаҳои доир ба обу иқлим дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 бо иштироки намояндагони ҳизб ва шуъбаи маорифи ноҳия чорабинии сиёсӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабини саравал директори муассисаи номбурда суханрони намуда, қайд карданд, ки боиси ифтихор аст, ки ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегиранд. Аз соли 1999 ба ин сӯ пайваста ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз созмонҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод мегарданд ва, ҳамзамон, мавриди дастгирии аъзои ин Созмон қарор мегиранд. Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дигаргуниҳои назаррасе ба вуҷуд омаданд ва дар вобастагӣ бо ин Тоҷикистони азизи мо рушду пешрафт намуд. Тоҷикистон ба бисёр масъалаҳои муҳими сатҳи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард, ки яке аз ин масъалаҳо дастрасӣ ба об ва ҳифзи манбаъҳои обӣ, аз ҷумла пиряхҳо, мебошад. Сипас иштирокчиёни дигари чорабинӣ дар навбати худ андешаҳои худро оид ба мавзуи болозикр иброз доштанд. Дар фарҷом ба хонандагони фаъоли муассиса чиҳати иштироки фаъолонаашон дар озмунҳои сатҳи ноҳия, вилоят ва ҷумҳури инчунин, саҳмгузор дар корҳои дохилимакбаи бо Сипоснома ва Ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.