САҲМИ ФАЪОЛОНИ ҲИЗБИ ДАР ОБОДИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва дигар ҷашнҳои миллӣ корҳои созандагию ободонӣ аз ҷониби сокинону фаъолон дар ҳудуди шаҳраку деҳот ноҳия бо маром идома доранд.Дар доираи ин иқдом бахшида ба ҷашнҳои дарпешистода бо дастури аъзои Раёйсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор Назирӣ Зариф Вализода  дар ҳудуди ноҳия корҳои сангфаршкуни ва вусат дода шуда истодаанд. Сангфаршкуни аслан дар деҳоти ноҳия бо саҳми сокинони хайрхоҳ ва саховатманд амали гардида истодаат. Ин навбат бо саҳим шахсони саховатманди деҳа саҳни муассисаи таълимии №62 сангфарш карда шудБояд тазаккур дод, ки бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар гӯшаву канори кишвари азизамон корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ ривоҷ ёфта, вобаста ба таҷлили ҷашнҳои миллию давлатӣ ин амал тадриҷан равнақ меёбад. Ҳамин аст, ки Тоҷикистони мо  сол то сол рушд намуда, ҳар ноҳия ва деҳоти дурдасттарини он обод гашта истодааст.