ДАВРИ НАБАТИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИ БАХШИДА БА 31 – СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МАСАЛЛАҲ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Идомаи мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди волейбол миёни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳи бахшида ба 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактаби №25 баргузор шуда истодааст.Санаи 19-уми февралии соли ҷорӣ дар майдони волейболбозиии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 байни дастаҳои ғолиби даври аввал рақобати ҷолиб барои баромадан ба даври нимниҳоии мусобиқа баргузор карда шуд, ки дар ин рақобат волейболбозони синфи 11б- и муассиа ғолиб баромада ба даври нимниҳои роҳхат гирифт. Дар мусобиқа аъзои фаъоли аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” миёни ҳам рақобат намуда истодаанд. Дар ҷараёни рақобатҳо ғолибон муайян гардида, дастаи мунтахаби муассиса барои иштирок дар давраи ниҳоии мусобиқа интихоб карда мешаванд.