ИСТИҚБОЛ АЗ СОЛГАРДИ КУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Ҷиҳати истиқбол аз 31 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 ноҳия ҷамъомади тантанавӣ баргузор карда шуд. Дар ин ҷамъомад Директори муассисаи мазкур миёни хонанадагон баромад намуда иброз доштанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлату Ҳукумат фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷоъи Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки он ҷавонмардонеро, ки барои сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд. Мо имрӯз соҳиби артише ҳастем, ки таъриху корномаи начандон тӯлонӣ, вале пурифтихор дорад. Зеро дар ду даҳаи ҳассос барои ба эътидол овардани вазъи сиёсиву амниятӣ, пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ фидокорона хизмат кардааст.

Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол 23 феврали соли 1993 таъсис ёфта, 31 сол боз арзи ҳастӣ дорад. Ин Артиш агарчӣ имрӯз соҳиби мақому маҳорат ва техникаву таҷҳизоти зарурӣ буда, ба Артиши пурқудрати минтақа табдил ёфтааст, аммо то расидан ба чунин сатҳ рӯзҳои душвор ва роҳи пурпечутоберо гузаронидааст. Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мо давоми солҳои мавҷудият собит намуданд, ки дар ҳифзи истиқлол ва тамомияти марзу буми ҷумҳуриамон ҳама вақт омодаанд. Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлол муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Расидан ба қадри истиқлол ва давлатдории мустақилона, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ – ҳама дар ҷамъ моро ба сӯи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳадафҳои нав мебарад. Муқаддасу бегазанд ва пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлол – ин дастоварди бузург ва неъмати бебаҳо вазифаи давлат ва ҳар шаҳрванди худшиносу худогоҳи ин марзу бум аст.

Имрӯз Артиши миллии Тоҷикистон бо гузашти 30 сол тадриҷан устувору қавӣ гардида, бо кадрҳои соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ва бо техникаву таҷҳизоти муосир таъмин аст. Хушбахтона, мардуми Тоҷикистон дар симои Артиши миллӣ ҳомию муҳофизи худро дида, рӯ ба бунёдкорию созандагӣ ниҳодаанд. Зеро Артиши миллӣ такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат буда, Ватани азизамонро содиқона муҳофизат менамояд. Дар фарҷом ба хонандагони фаъоли мактаби №24 сипосномаҳои Директори гимназия тақдим карда шуд.