ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ КИШВАР 31 СОЛА ШУД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 19 феврали соли 2024 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 чорабинии сиёсӣ бахшида ба истиқболи рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо иштироки хонандагони муассисаи мазкур баргузор карда шуд. Чарабинии мазкур бо Суруди миллии кишвар ки ах тарафи хонандагон кироат карда шуд, кушода шуда сипас хонандагон оид ба таъсисёби ва пешрафти Артиши миллӣ суханрони намуда қайд карданд, ки сафи Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аксрият ҷавонон буда, қувваи асосии пешбарандаи тамоми соҳаҳои ҷамъият мебошанд. Ҳамзамон Директори муассисаи мазкур Саидова Азизмо дар навбати худ иброз доштанд, ки дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи 26.01.2021 чунин иброз дошта буданд, ки “ Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.”   Аз ин лиҳоз зарур аст, ки дар ҳама соҳаҳо кадрҳои хубу болаёқат бояд дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия карда шаванд, то барои рушду нумӯи кишвар ҳиссагузорӣ карда тавонанд. Ҳамасола ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ садҳо ҷовонон даъват гардида, дар қисмҳои ҳарбии минтақаҳои гуногуни мамлакат адои хизмат мекунанд. Дар ин муддат ҳомиёни ватанро дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонгароӣ, мардонагиву шуҷоат, адолатнокиву   қавииродагӣ тарбия намуда, барои ҳифзу нигаҳдории амнияти кишвар равона месозанд. Аскароне, ки сарҳади кишварро ҳифз мекунанд, бояд зираку ҳушёр ва бомасъулияту қавииродабошанд, зеро онҳо амнияти марзу буми кишварро таъмин менамоянд.