ОБ БЕҲТАРИН НЕЪМАТИ ОЛАМ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Зери ҳамин мафҳум дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 оизмун бохшида ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчу соли ҳифзи пиряхҳо  бо иштироки намояндагони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” баргузор карда шуд. Дар озмуни мазкур хонандагони синфҳои болоии муассисаи мазкур иштирок карда ба суолҳои омӯзгорон ҳозирҷавоби  намудаанд. Ҳамзамон омӯзгорон дар навбати худ иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдомҳои инсондӯстона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мушкилоти соҳаи обу иқлим дар муддати на чандон тӯлонӣ дар сатҳи байналмилалӣ нуфузу эҳтиромашро баланд бардошт. Ин ташаббусҳо дар сатҳи байналмилалӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари фаъолу ташаб­бускор муаррифӣ намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи устуворро тавассути ин иқдомоти беназир дар ин самт собит намуд. Захираҳои об ва вазъи пиряхҳо, ки манбаи асосии оби тоза ба ҳисоб мераванд, зери таъсири тағйирёбии глобалии иқлим ва рушди саноат дар миқёси ҷаҳон рӯз то рӯз бо ­суръати баланд коҳиш меёбанд. Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат оид ба мушкилоти об ва пиряхҳо бо роҳи осон не, балки дар асоси далелу мушоҳидаҳои амиқу илман асоснокшуда ва талошу заҳматҳои зиёду тӯлонӣ роҳандозӣ гардида, куллан ба рафъи мушкилоти инсоният нигаронида шудаанд. Сарвари давлати Тоҷикистон борҳо таъкид намудаанд, ки масъалаҳои вобаста ба ин мушкилот ба қатори дигар таҳдиду хатарҳо, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, арзёбӣ мегардад.