МАЪРАКАИ ГУЛШИНОНӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Шаҳраки Фархор симо ва оинаи ноҳия буда, корҳои кабудизоркунӣ ва хурамгардонии боғу гулгашҳо ва ба сокинону меҳмонон ба таври арзанда муаррифӣ кардани он вазифаи на фақат мақомоти иҷроияи ноҳия, балки кори тамоми шаҳрвандон ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия мебошад. Дар доираи сиёсати тадбиқсоз ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иқдомҳои созандаи раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода симои ноҳия ба куллӣ дигаргун шудааст.   Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор Назирӣ Зариф Вализода ва ҳамзамон бо корбарии масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия маъракаи гулшинонӣ ғоз карда шуд дар ин руз аз ҷониби масъулон 500 бех гулҳои ранга дастрас гардида, як қисмати онҳо дар назди биноҳои корӣ шинонида шуданд. Бояд гуфт, ки чунин иқдомҳои бунёдкориву созандагӣ дар ноҳия минбаъд идома ёфта, ҳизбиён дар пешрафту ободонии ноҳия саҳми худро хоҳанд гузошт.