ГУЛШИНОНИ ДАР МТМУ №56

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Дар доираи нақша-чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода оид ба баргузории корҳои ободонӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия шамбегиҳо доир гашта истодаанд.Чунин як ҳашари дастаҷамъона дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 –и ноҳия баргузор карда шуд, ки масъулин ба тоза кардани, гирду атроф, нарм намудани замин,  шинонидани гулҳои мавсимӣ ва тоза кардани новаҳои бетонӣ камри ҳимат бастанд.