ИДОМАИ МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ МИЁНИ ҶАВОНОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати истиболи сазовори ҷашни дарпешистодаи 31 солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаи кишвар дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба баргузории чорабиниҳои варзишӣ идомаи даври аввали мусобиқаи кушоди варзишӣ аз руи намуди волейбол миёни хонандагони муассисаи мазкур роҳандозӣ шуд. Дар мусобиқи намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Мирзоев Толиб иштирок ва миёни ҷавонон суханронӣ намуданд. Мусобиқаи мазкур аз руи системаи олимпи идома карда истодааст ва дастаҳои ғолиб дар даври ниҳоии мусобиқа миёни ҳам ҳунарнамои намуда ғолибони се зинаи ифтихорӣ дар маросими тантанавӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ мешаванд.