МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БАХШИДА БА 31 СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛАҲИ КИШВАР

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 мусобиқаи варзиши аз руи намуди шашкаю шоҳмот миёни хонандагон бахшида ба истиқболи сазоворӣ ҷашни 31 –умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Ин мусобиқа бо мақсади роҳандози намудани мусобиқаҳои зеҳнӣ миёни хонандагони ноҳия роҳандозӣ гардида истодааст. Айни замон даври даври аввали мусобиқа дар 5 муассисаи таълимии Ҷамоати шаҳраки Фархор доир карда шуда истодаат, ки аз миёни иштирокчиён фаъолон ба даври ниҳои роҳхат гирифта барои дарёфти Ҷами раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия мусобиқаро идома медиҳанд. Ғолибони се зинаи ифтихори бо Сипоснома, ҷом ва таҳфаҳои хотирмони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар чорабинии тантанавие, ки бо иштироки ҷавонони фаъоли ноҳия бахшида ба 31 – солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22 – феврал дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳия банақша гирифта шудааст қадрдонӣ карда мешаванд.