ҲАШАРИ НИҲОЛШИНОНӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия дар асоси нақша ҷорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор имрӯзҳо маъракаи ниҳолшинони бо маром идома дорад. Дар назди синфхонаҳои тазабунёди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 бо ҷалби хоанандагон ва устодони муассиса маъракаи ниҳолшинони ва тоза намудани гирду атрофи муассиса доир карда шуд. Масъулин санаи 17.02.2024 ба ҳашари дастаҷаъмона баромада зиёда аз 40 адад дарахтони мевадиҳанда дар атрофи муассиса шинонида, замини назди мактабро нарм намуданд