БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ҲАРБИИ “ВАТАНПАРВАР”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Санаи 15 феврали соли ҷори бо мақсади истиқбол аз 31 солагии рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 миёни хонандагони синфҳои болои озмуни ҳарбии “Ватанпарвар” баргузор карда шуд.Дар рафти баргузории чорабини Директори муассиаи мазкур Раҳимзода Сайҳомид иштирок намуда нахуст аз вазъи будубош дар қисмҳои низоми ҳудуди ноҳия суханронӣ намуданд. Ҳамчунин ба ҷавонон таъкид намуд, ки барои ҳар як ҷавон хизмат кардан дар назди Модар-Ватан қарзи фарзанди мебошад. Сипас дар майдони сафороии муассиса ҷамъомадагонро ба муносибати 31-юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ табрику таҳният гуфта, таъкид кард, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити басо душвор 31-сол пеш бо дастгири ва сиёсати оқилонаи фарзанди фарзонаи миллат, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт. Дар давоми се-даҳсоа  Артиши миллӣ рушд карда дар тамоми қисмҳои низоми барои хизматчиёни ҳарбӣ шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Илова бар ин ҳамасола тибқи супориши Роҳбари давлат маоши хизматчиёни ҳарбӣ зиёд шуда истодааст.Ҳамчунин дар саҳни қисми низоми озмуни ҳарбии “Ватанпарвар” баргузор шуд. Дар озмун хонандагони синфҳои болои муассисаҳои таълимии ноҳия тариқи даставӣ иштирок ва мактаби худро намоядаги карда тибқи шартҳои озмун, қоидаҳои сафороӣ, турниккашӣ, ресмонкашӣ, гилбардорӣ, ба қисмҳо ҷудо кардани автомат ва дигар тартиботи озмунро амалан иҷро намуданд. Дар охир ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ, иштирокчиён ва сарбозони қисми ҳарбӣ дар назди роҳбари ноҳия ва ҳайати комиссияи озмуни “Ватанпарвар” гузашти низомӣ намуданд. Рафти озмун аз ҷониби доварон ба таври даставию инфироди баҳогузори гардида ғолибон барои иштирок ба даври баъди озмун, ки берун аз сатҳи ноҳия доир мешавад роҳхат дода шуданд.Сипас хонанадагон дар ҳунару маҳорати омодабошиашонро барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусалаҳ ба намомиш гузоштанд. Баъди анҷоми озмуни “Ватанпарвар” дар майдони футболи муассиса ба истиқболи 31-солагии Артиши миллӣ миёни ханадагони муассисаҳои таълимӣ мусобиқаи футбол оғоз карда шуд. Тибқи нақша ғолибони озмуни ҳарбии “Ватанпарвар” ва мусобиқаи варзишии футбол дар рӯзи баргузории чорабинии идона ба муносибаи Рӯзи Артиши миллӣ қадрдонӣ карда мешаванд.