КИШТИ КАРТОШКА БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо, сокинон ва кишоварзони сарбаланди ноҳияи Фархор, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба самаранок истифодабарии замин, бештар истеҳсол намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин васила саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакатро сармашқи кори худ намуда, аз бодуи ҳавои мусоид истифода намуда, кишти картошкаро бо истифода аз тухмиҳои аълосифат ва техникаи кишоварзӣ ба роҳ мондаанд. Айни замон, дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва заминҳои назди муассисаҳои таълимӣ кишти картошка бо маром рафта истодааст.