АЗНАВСОЗИИ МАЙДОНИ ВАРЗИШӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси ҷавонони ватандӯстӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ғалаба” дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷамҳурии Тоҷикистон зери умнвони “Мактаби ман” майдони варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 азнавсозӣ карда шуда истодааст. Масъулин бо ҷалби техникаи зарурӣ майдонро тахту ҳамвор намуда, дарвозаҳоро насб карда истодаанд. Ин иқдоми ҷавонон барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонони деҳот ва умуман барои баргузории мусобиқаҳои дохили роҳандозӣ карда шудааст, ки шаҳодат аз ватандӯстӣ ва садокат ба меҳаи азиз доштани ҷавонони ноҳия мебошад.