ПЕШГИРИИ ТААССУБИ ДИНӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор мулоқоти гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовини раиси ноҳияи Фархор Ғаффорзода Шоҳрух, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад ва мудири бахши танзими ноҳия бо имомхатибони масҷидҳои ноҳия оид ба пешгирии таассуби динӣ баргузор карда шуд. Зимни суханронӣ қайд карда шуд, ки Дар шароити бархўрди манфиатҳо миёни абарқудратҳо омилҳои динӣ, алалхусус, таассуби динӣ воситаи муҳими мубориза баҳри ба даст овардани мақсадҳо гардидааст. Баъзе кашшофони навбаромад заҳматҳои бузургони халқи тоҷикро, ки ҳуввияти миллиро дар қаъри таърихи куҳан ҷустуҷў кардаанд ва собит сохтаанд, ба назар нагирифта, исбот карданӣ мешаванд, ки «мо бояд ҳуввияти хешро дар ислом ҷустуҷӯ намоем». Дар воқеъ бошад, ислом бахше аз ҳуввияти тоҷик аст, на ҳамаи ҳуввияти он. Халқи тоҷик аз решаи куҳан ва гузаштан бо тамаддуни пеш аз исломии худ ифтихор менамояд. Мутаассифона бархе аз одамон зери таъсири таассуби динӣ қарор гирифта, куркўрона расму оинҳои диниро иҷро менамояд. Дар марҳилаи имрўза дар ҷумҳурӣ бархе аз домуллоҳои чалласавод мардумро ба эҳтирому риояи суннатҳои ислом даъват намуда ҷомеаро гумроҳ менамоянд. Яке аз мавзўе, ки ҷомеаро ба ташвиш овардааст ин масъалаҳои ташкил кардани мактабҳои динӣ ба шумор меравад. Аз тарафи баъзе ашхос ба таври ғайриқонунӣ мактабҳои динӣ ташкил карда мешавад ва гурўҳи шаҳрвандон фарзандони худро барои таҳсил намудан ба чунин мактабҳо равона мекунанд, ки онҳо бархилофи қонун мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани маълумоти динӣ ҳамаи шароитҳо ташкил карда шудаанд ва шаҳравандон метавонанд барои фарзандони худ ба таври қонунӣ маълумот диханд. Таассуби динӣ дар ҷомеа аз сабаби суст будани сатҳи фарҳанги сиёсии шаҳрвандон реша давонида пурзўр гардида истодааст, ки онҳо дар оқибат барои ҷомеа душвориҳои зиёдеро ба миён меоранд.