ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР ДАР САТҲИ МАҲАЛ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мавҷи дарё” бо доираи васеи аҳлиҷамоатчигӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти кишвар дар низоми сиёсии давлат мулоқат баргузор карда шуд.Нитиқон зимни суханронӣ роҷеъ ба паҳлуҳои фарогири паёми Президенти кишвар нутқ карда, бо иқтибосҳо паёми сарвари давлатро тавзеҳ доданд. Аз ҷумла зикр намуд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин бобат баҳри расидан ба ҳадафҳое, ки ба беҳтаршавии зиндагии сокинони кишвар мусоидат мекунанд, тадбирҳои зиёде андешида мешавад. Зимнан дар ин самт бобати таъмини маводи ғизоӣ барои дусол ва ҳифзи генофонди миллӣ ва солимии миллат сухан рафт. Сарфаву сарриштакории об, сарватҳои табиӣ, самаранок истифодабарии ҳар ваҷаб заминҳои корам ва наздиҳавлигӣ, руёнидани се чор ҳосил ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии кишвар низ матраҳ гардид.Татбиқи қонунҳои амалкунанда, оид ба танзими расму оинҳои мардумӣ, роҳ надодан ба зиёдаравӣ, хурофотпарастӣ, сарфаву сарриштакорӣ дар соҳаи барқ, ғани сохтани буҷаи ҳар як оила ва ба ин васила саҳмгузорӣ дар касбомузию илмомузии фарзандону наврасон, баланд бардоштани иқтидори зеҳнии ҷавонон, ба муассисаҳои олии хориҷи мамлакат дохил намудани онҳо, тарбияи кадрҳои баландихтисос, рақобатпазир дар бозори меҳнат, тарбияи ҷавонони худогоҳу ватанпараст як бахши тавзеҳии паёми Президенти кишвар буд.Аз ҷумла бобати гармшавии босуръати иқлим, обшавии шиддатноки пиряхҳо, камобӣ, хушксолию норасоии маводи ғизо, афзоиши бекорӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон, хуруҷи падидаҳои биотерроризм, афзоиш ёфтани партовҳои газӣ ва заҳрорлудшавии ҳавои атмосферӣ сухан рафт. Тазаккур дода шуд, ки дар ин росто марҳилаи ҷанги сард торафт авҷ мегирад ва таъкид шуд, ки ҳар сокини кишвар, ҳар ҳамватани мо бо диққат ва таваҷҷуҳи хоса дар атрофи сиёсати созандаи Президенти кишвар якдилона мутаҳид гардида, баҳри ободию созандагӣ, ҳифзи давлатдории миллӣ, таъмини оромиву истиқлоли Ватан, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дигар ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар устуворона ва содиқона амал намоянд.

Дар интиҳо интихобкунандагону иштирокчиён ба сухан баромада, ба саволҳои худ ҷабҳои қаноатбахш гирифтанд.