СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР АРАФАИ АНҶОМЁБИСТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Корҳои таъмиру азнавсозӣ ва сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи таълимии №14 ба охир расонида шуда истодааст. Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи мазкур бо дастгирии бевоситаи аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода  роҳандозӣ шуда буд. Ҳамзамон дар доираи амалиёти “Мактаби ман” аз тарафи сокинони саховатманди деҳаи Иттифоқи Ҷамоати деҳоти Фархор ва хатмкунандагони сину соли гуногуни ин даргоҳ бо қадри имкон куммак расонида шудааст. Айни замон корҳои рангу бори қисми берунии бинои муассиса ва насби шиору овезаҳо бо маром ҷараён дорад.