ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ БАХШИДА БА 31 СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСЧТОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба омодагӣ ва таҷлили сазовори ҷашни 31- солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар ҳамдасти бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Варзишгар” ва “Фарҳанг” дар Комендатураи ҳарбии ноҳия ҷорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ иброз доштанд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии таърихи мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон таъсис дода шудааст ва то имрӯз вазифаҳои дар пешашон гузошташударо бо сари баланд иҷро менамоянд. Тӯли ин солҳо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузашта, рисолати хизмативу касбии худро бошарафона иҷро карданд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки имкониятҳо ва шароитҳои имрӯзаи Артиши миллӣ, вазифаҳои ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар роҳи ҳифзи сулҳу осоиштагӣ ва амнияти мамлакат ба маротиб боло рафта аст.