КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бобати омодагӣ ба ҷашнҳои дарпешистодаи кишвар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти тарғибу ташвиқ ва ҷалби фаъолон ба корҳои созандагӣ ҳадафмандона фаъолият доранд. Дар робита ба ин масъулини Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 дар доираи амаиёти муштараки “Мактаби ман” бо ҷалби хатмкунандагони сину соли гуногун, ки аксарашон узви Асосиатсияи падарону модарони мактаб мебошанд корҳои ободониро дар ҳудуди муассиса роҳандози намуда истодаанд.Чунонки дар боло зикр гардид дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими нозоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон масъулин бо ҷаби шахсони саховатмади деҳаи Куҳандиён корҳои бетонпуш намудани саҳни ҳавлии мактабро ба анҷом расониданд.