БАРГУЗОРИИ ҲАШАРҲОИ ДАСТАҶАЪМОНА

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи мақсадноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва бо ин васила таъмин намудани муассиса бо маводи ғизои санаи 10 феврали соли ҷорӣ ҳашари дастаҷаъмона баргузор карда шуд.Ҳашарчиён дар ин рӯз дар замини назди муассисаи таълимӣ бо қувваи устодону шогирдони муассиса кортошка кишт намуданд. Қисми дирагашон дар гушаи дигари муассиса ба тозаву озода намудани бехи дарахтон ва гулҳои ороишӣ саргами кору меҳнат буданд.