ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо даъвати масъулини Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15  ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ХНДСЭ”- и ноҳия дар ҳудуди ноҳия корҳои безараргардони доир карда шуд.  Масъулини Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия дар ҳудуди муассиса корҳои безараргардониро бо тариқи пошидани доруҳои пешгирикунанда ба анҷон расониданд. Чунин амалётҳои безараргардони дар дигар муассисаҳои ноҳия низ гузаронида мешаванд, ки барои пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ айни мудаост.