БАРГУЗОРИИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38-и ноҳияи Фархор бо дастури аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода корҳои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дорои зиёда аз 100 ҷои нишаст идома дорад. Айни замон 90 фисади корҳои сохтмони ба анҷом расонида шудаанд. Сокинон ва фаъолони деҳаи Некманзари Ҷамоати деҳоти Хуросон бошанд дар дираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими нозоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон саҳми худро дар ин амали хайр гузошта истодаанд.