ИДОМАИ КОРҲОИ ОБОДОНИ ДАР МАҲАЛ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳаллаи №10”-и Ҷамоати шаҳраки Фархор ноҳия бахшида ба таҷлили сазоворӣ ҷашнҳои дарпешистода корҳои ободони роҳандозӣ карда шуд. Бо ташаббуси бевоситаи директори Гимназияи давлатии №1 ноҳия дар назди бинои кории муассисаи мазкур бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ҳашари дастаҷаъмона баргузор шуд, ки масъулин дар ин ҳашар ба тоза кардани роҳравҳои назди муассиса ва шинонидани дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ камари ҳимат бастанд.