БАХШИДА БА ГИРОМИДОШТИ АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 бахшида ба хотири гиромидошти Ҳаким Абурайҳони Берунӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор карда шуд. Дар ҷамъомад устодону шогирдони муассисаи мазкур иштирок ва атрофи ҳайёт ва фаъолияти ин абармарди тоҷик суханронӣ намуданд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки андешаҳои илмӣ, табиатшиносӣ ва эпистемологи (маърифатшиноси)и Абурайҳони Берунӣ ва аҳамияти онҳо барои насли имруза аст, зеро то ҳанӯз дар ҷомеаҳои пасошӯравӣ ва махсусан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мероси зеҳниву ақлонии мутафаккирони асрҳои миёна аҳамияти хос ва зарурӣ дода нашудааст, махсусан дар замони ҳозир дар ҷомеаи мо таърихи фарҳанги асримиёнагӣ танҳо чун маҳзани ақоиду назариёти диниву илоҳиётшиносӣ баҳогузорӣ карда мешавад. Ин дар ҳоле ки андешаҳои илмӣ, табиатшиносӣ ва ҳатто секлюралӣ (дунявӣ) дар ин давраи таърих ба дараҷҷаи баланд рушд намуда буданд. Дар ин ҷомеа додугирифти хуби ақида ва андешаҳои илмиву фарҳангӣ (то ҳатто мазҳабӣ бо усули ба истилоҳ плюралистӣ) вуҷуд доштанд. Барои баъзе аз ҳамватанони мо шояд ҷои ҳайрат бошад, ки дар шароити нуфузи ҳамагонии идеологияи ҳукмрони динӣ дар асрҳои миёна ҷойгоҳ ва нуфузи ҷаҳонбнии илмиву озодандешӣ дар доираҳои илмӣ махсус буд ва аз ин ҷо тоза кардани тасаввуроти авомона дар бори таърихи фарҳанги фикрии асрҳои миёна муҳим аст. Зарурияти ин кор боз дар он аст, ки ҳоло бо вуҷуди давлати дунявӣ бисёре аз қишрҳои ҷомеаи имрӯзаи мо аз нигоҳи таъсир ва нуфузи ҷаҳонбинии илмӣ хеле заиф шуда, бештар дар зери таъсири ақидаҳои диниву мазҳабӣ, ва ҳатто ифротиву радикалӣ қарор доранд. Аз ин рӯ зарур аст, ки саҳми ин давраи таърих ва ин мероси илмиву фарҳангиро аз сари нав бо усулу методологияи нав таҳқиқ намуд, мақом ва арзиши онро аз сари нав арзёбӣ намуд ва махсусан дар рушди ҷаҳонбинии насли нав аз он истифодаи оқилона намуд. Инҷо андешаҳои илмиву озодандешона дар мисоли осори Абурайҳони Берунӣ  барои хонандаи имрӯза пешниҳод мешаванд ва бо мақсади соддабаёнӣ ва дастрасӣ доштани мардум ба мазмуни аслии қарор дода шуд, ки онҳо дар шакли суолу ҷавоб, диалог ё муколама тартиб дода шудаанд.