САҲМИ МАОРИФ ДАР ИДЕАЛОГИЯИ МИЛЛӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 бахшида ба гиромидошти шоири ширинкалом Ҳофизи Шерозӣ ҷамъомади тантанави зери унвони “Саҳми мутаҷҷакирони тоҷику форс дар идеалогияи миллӣ” баргузор карда шуд.Дар чорабини омӯзгорони ванни забон ва адабиёти тоҷик бо маърузаҳои пурмазмуни худ баромад намуда, қайд карданд, ки дониш ҷузъи таркибӣ ва масири рушди ҷомеа ба ҳисоб рафта, он маҳсули низоми босамари маориф ва кӯшишу талоши ашхоси хирадманди ҷомеа маҳсуб мегардад. Дар ҷомеаи донишбунёд мувафаққиятҳо аз неруи дониш сарчашма гирифта, роҳи пешрафту тараққиёт тавассути он муқарар карда мешавад. Талош баҳри умумӣ сохтани донишомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маърифатнокии тамоми қишрҳои ҷомеа, роҳи расидан ба музаффарияту озодӣ мебошад. Ҷомеа ба онҳое, ки дониш доранд ва низ ба онҳое, ки аз маърифат дуранд, паҳн мегардад. Дар натиҷа, дониш василаи эҷоди фосила миёни ду қишри ҷомеа мегардад, яке қишри донишмеҳвар ва дигаре аз маърифат дур. Дар баробари пайдоиши ин фосила вазифаи ашхоси хирадманд ва аҳли зиё бо роҳи донишомӯзӣ васл намудани ин ду қишр аст, ки аз лиҳози сатҳи огоҳӣ ва илму хирад аз ҳам фосила гирифтаанд. Яъне ваҳдату иттиҳод бо роҳи ҳидоят сохтани ҷомеа ба сӯи илму маърифат падид меояд. Сатҳи огоҳӣ дар ҷомеа баёнгари сатҳи маърифатнокӣ дар он аст. Гузаштан аз ин, роҳи борику маҳдуд ва ниҳоят боз намудани фазои ҷадид, ки тамоми аҳли ҷомеа бо тавсиаи ҷаҳонбинии илмии худ, ба он роҳ меёбанд, марҳилаи бунёди ҷомеаи идеалӣ ва инсонмеҳвар мебошад. Дар натиҷа нақши илму дониш ва таъсири он ба ҳаёти ҷомеа вусъат гирифта, бо истифода аз зарфияти зеҳнӣ ваҳдати фикриро ба вуҷуд меоварад. Ҷомеае, ки ҳаёти воқеӣ дар он бар асоси хирад ва муносибатҳо тавассути ченаки дониш муайян карда мешаванд. Имрӯз дар тамоми ҷаҳон ба соҳаи маориф ва илм аҳмияти ҷиддӣ зоҳир мегардад, зеро роҳи саодати башар, маҳз, дар доштани илму огоҳӣ аст. Асос ва муҳтавои маорифпарварӣ, ин пеш аз ҳама тарбияи инсони комил ва рушд додани он ба ҳисоб меравад. Дар замони муосир, башар дарк намуд, ки роҳи пешрафту тараққиёт ва дар баробари ин ҳифзи шаъну шарафи инсонӣ, танҳо бо доштани илму хирад имкон дорад. Тараққиёти техналогия ва мавқеъ ёфтани шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳаёту фаъолияти инсонҳо дар ҷомеаи мутамаддин тазоди фикриро ба вуҷуд овардааст. Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар василаҳо ҳамчун абзори мафкурасозӣ ва бо ин роҳ тағийр додани самти фикрронии аҳли ҷомеа, хатари ҷиддие ба ваҳдати миллатҳо эҷод сохтааст. Асоси пойдории ваҳдати миллӣ ин муттаҳидии миллат аст ва асоси муттаҳидии миллат, ин вуҷуд доштани ваҳдати фикрӣ мебошад.