ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Имрӯзҳо сокинони меҳнатқарини ноҳияи Фархор кӯшиш доранд, ки аз замини дар ихтиёрдоштаи худ самаранок истифода бурда, аз он ҳосили дилхоҳ ба даст оваранд. Санаи 8 – феврал масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази бемориҳои сил” бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар замини назди коргоҳашон ба кишти картошка шуруъ намуданд. Замин дарихтиёрдоштаашон 15 сотихро дар бар гирифта масъулин аз он ба таври зарурӣ истифода мебаранд.Онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба ин роҳ заминро бекор намонад. Ва дар паи иҷрои дастуру сурошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашои иброз доштанд ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиидоравиашонро самаранок истифода карда, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунанд ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем.