ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Дар асоси нақшаи кории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ “Маорифчиён” бо мақсади омӯзиши самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарҳу тавзеҳи он миёни аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 бо иштироки мудири шуъбаи маорифи ноҳия ҷамомад баргузор карда шуд. Саравал дар ин ҷамомад масъулаҳои Рӯзи маориф барраси карда шуданд.  Сипас нотиқон дар баромадашон иброз намуданд, ки сиёсати ҳуқуқӣ дар соҳаи таълими ҳуқуқӣ ҳалли вазифаҳои зеринро пешбинӣ менамояд: тарбияи кадрҳои ҳуқуқшиносӣ касбии баландихтисос, ки барои фаъолияти ҳуқуқӣ дар шароити вусъати равобити байналмилалӣ омода мебошанд, такмили сиё­сати таҳсилот дар соҳаи тарбияи кадрҳои хуқуқшинос, баланд на­мудани сатҳи донишомӯзии ҳуқуқи байналмилалӣ бо дар назар до­штани дурнамои ҳалли баҳсҳои ҳуқуқӣ дар судҳои байналмилалӣ, такмили тахассус пас аз гирифтани таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, омода намудани кадрҳои дороӣ донишҳои махсуси иттилоотӣ дар шароити васеъ шудани иттилои ҳуқуқӣ, тахдидҳо ба амнияти иттилоотии ҷумҳурӣ, тарбияи кадрҳои нави ҳуқуқшиносон, ки барои кор дар роҳандозии ҳукумати  электронӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар амалияи ҳуқуқшиносӣ омодаанд, мустаҳкам намудани унсурҳои иттилоотӣ ва технологии сиёсати таҳсилот дар назар доштани ворид шудани технологияҳои иттилоотӣ дар амалияи ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани маҳзани иттилоотии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, иттилогардонии фаъолияти судӣ, тафтишотӣ, мурофиавӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, иттилои ҳуқуқӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ.

Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрванд, ки бевосита аз сифат ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ вобаста мебошад, метавонад ба боло рафтани эҳтиром нисбат ба қонун ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи асосӣ ва калидии батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, паст шудани сатҳи нигилизми ҳуқуқӣ, инчунин дар ботини шахс ба вуҷуд овардани эътиқод ба рафтори ҳуқуқӣ, ташаккули масъулият оид ба итоат кардан ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намояд ва шаҳрванд дар ҷомеа комилан озод бехатар эҳсос намояд.