ОМОДА НАМУДАНИ ҶАВОНОН БАРОИ ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

         Ҷиҳати омода намудани ҷавонони сини даъватӣ барои хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои мусалаҳи кишвар дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 хониши сиёси бо иштироки хонандагон ва падару модарони онҳо баргузор карда шуд.

         Ҳамзамон омузгорӣ фанни Дифои ҳарбии муассиса дар баробари шинос намудани ҷованон бо қоидаҳои ҳарби ва истифодаи яроқи оташфишон гуфта гузаштанд, ки хизмат ба Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар фарди Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳифзи марзу бум барои ҷавонон вазифаи муқаддас аст. Бинобар ин, бояд ҷавонон ин муқаддасотро мисли гавҳараки чашм нигоҳ доранду барои ҳифзаш ҳамеша омода бошанд. Соле ду маротиба маъракаи даъвати ҷавонписарони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ доир мегардад. Бинобар ин, то оғози давраи даъват корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ гузаронида мешаванд. Мақсади мо омузгорони мактаб дар доираи иҷрои рисолати худ талош меварзем, ки дар ниҳоди ҷавонон арзишҳои олии ватандорӣ ва ҳифзи содиқонаи марзу буми кишварро ҷой диҳем.

Мутобиқи нақшаи тасдиқгардидаи чорабиниҳои бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ифтихор аз давлати соҳибистиқлол ва тақвият бахшидани тарбияи ватанпарастии ҷавонони синни даъватӣ аз тарафи комиссариатҳои ҳарбӣ вобаста карда шудаанд. Барои омода намудани ҷавонон барои хизмат ба Ватан-Модар дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат тайёр мешавем.