КОРҲОИ ОБОДОНИ ДАР ҲУДУДИ НОҲИЯ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ибтикори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои аъзои Райёсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода ва нақша ҷорабиниҳои тасдиқнамудаи раиси ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид баргузории корҳои ободонӣ  дар Муассиаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 корҳои тозаву озода намудани атрофи муассиса роҳандозӣ карда шуд. Аз тарафи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ин рӯз раҳравҳо, новаҳои ботонии назди муассиса ва бехи дарахтон нарм карда шуданд. Инчун дар ҳудуди мактаб ва берун аз он зиёда аз100 адад гулҳои ороишии Садбарг шинонида шуданд.