ОЗМУНИ УМУМИМАКТАБИИ “ХИМИКОНИ ҶАВОН”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Саннаи 6 феврали соли 2024 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 аз тарафи роҳбарияти мактаб озмуни химикони ҷавон, бахшида ба солҳои 2020 -2040 эълон намудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ташкилу баргузор гардид. Дар озмуни мазкур хонандагони болоёқати муассиса иштирок намуда, шартҳои озмунро, ки аз саволу ҷавоб ва иҷрои корҳои амалӣ иборат буданд бо маҳорати хуб иҷро намуданд. Фаъолони озмун бо сипосномаи роҳбарияти муассиса сарфароз гардонида шуданд.