МУҲТАВОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР ШАРҲ ДОДА ШУД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Санаи 6 феврали соли 2024 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ЛКТ” дар ноҳия мулоқоти мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Мирзоев Толиб оид ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки санаи 28.12.2023 баргузор гардид.  Зимни суханронӣ нотиқон иброз доштанд, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат оид ба сиёсати дихилию хориҷии кишвар ва самтҳои асосии иҷтимоиву иқтисодии мамлакат бо фарогирии дастовардҳои даврони 32-соли соҳибистиқлолии кишвар ироа гардид, ки дурнамои рушди минбаъдаро барои имсолу солҳои оянда муайян менамояд. Нуқтаҳои зикршудаи Паёми имсола нишон медиҳанд, ки дар назарияи сиёсӣ ва давлатдорӣ Паёми солонаи роҳбари давлат ҳам аз назари маънову ҷойгоҳ ва ҳам аз назари мазмуну таъинот санади муҳимми давлатӣ ҳисоб шуда, аҳамияти махсуси давлатӣ, дипломатию байналмилалӣ ва идориву коргузорӣ дорад. Дар натиҷаи татбиқи дурустӣ вазифагузориҳои бандҳои он, ҳар Паёми солонаи Роҳбари давлат метавонад қадам ва такони наве дар масири рушди бахшҳои гуногуни ҷомеа ва давлат бошад. Инчунин  гуфта шуд, ки Президенти кишвар дар Паёми худ  оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.