МАЛОҚОТ БО АЪЗОИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Рӯзӣ 05 февралӣ соли ҷорӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 миёни хонандагони синфҳои 10 ва 11 хониши сиёсӣ бахшида ба 31 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Масаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.Дар мулоқот нотиқон оид ба ҷонбозиҳои родмардани Ватан дар роҳи пешгирии терроризму экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо иртиҷоӣ, истифодабарии телефони мобилӣ,  шабакаҳо иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои мубрам ба хонандагон суҳбат намуданд. Зимни суханронӣ иброз карад шуд, ки дар муқобили терроризм ва экстремизм аз ватандӯстӣ ва инсондӯстӣ дида дигар қувваи бузурге нест, ки ин амалҳои шоиста дар сарбозони шуҷои кишвар дида мешавад. Пеши эҳсоси бегонапарастиву инсонбадбинӣ ва даҳшатафканиро, маҳз ҳамин шермардони кишваранд, ки гирифта метавонад. Барои ин мо бояд ҷавононро дар рӯҳияи инсондӯстиву ватандӯстӣ тарбия намоем. Ва онҳоро тавре тарбия намоем, ки аз терроризму ифротгароӣ ҷилавгирӣ намоянд. Терроризм дар асри ҷаҳонишавӣ аз насли бесаводу бефаросат ҳамчун бозичаи дастӣ истифода мебарад. Агар назар афканед, як одами бесаводу ҷоҳил на танҳо гузаштаро намедонад, балки ояндаро ҳам тасаввур карда наметавонад, танҳо бесаводона дастур иҷро мекунад.  Аз ин нуқтаи назар одами босавод ҳатман ватандӯст ва инсондӯст ҳам ҳаст. Гуфтан ҷоиз аст, ки имрўз тамоми дунёро нобасомониҳо ва нооромиҳои зиёди сиёсиву иҷтимоӣ фаро гирифтааст.          Мо ҷавононро тавре тарбия намоем, ки худогоҳу ватандўст ва ифтихори миллӣ дошта бошанд. Ватани орому осоиштаи хешро аз ҳар хавфу хатари бегона муҳофизат карда тавонанд. Ба ҳар гуна ҳаракату ҳизбҳои ифротгарой шомил нагарданд. Иродаи қавӣ, дониши мустаҳкам ва одобу ахлоқи ҳамида дошта бошанд.