ИДОМАИ КОРҲОИ ОБОДОНИ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ибтикори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” бахшида ба таҷлили сазоворӣ ҷашнҳои дарпешистода дар Муассиаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 корҳои ободонӣ баргузор карда шуд. Аз тарафи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ин рӯз зиёда аз 250 адад гулҳои ороишии Садбарг ва 20 адад дарахтони ҳамешасабзу соядиҳанда шинонида шуданд. Чунин корҳои ободони дар ташкилотҳои ҳизбии дигари ноҳия низ идома доранд.