САДА ҶАШН ГИРИФТА МЕШАВАД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Санаи 3 феврали соли 2024 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 –и ноҳия бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” иди Сада ҷанш гирифта шуд. Дар ин чорабини намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд. Саравал меҳмонон аз намоишгоҳи омоданамудаи хонандагон дадан карданд.

Сипас дар ҳузури хонандагон масъулини шуъбаи маорифи ноҳия оид ба пайдоиш ва аҳамияти он суханрони намуда иброз доштанд, ки бино ба тадқиқоти олими мардумшинос ва мутахассиси фолклор Равшан Раҳмонӣ таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ), устураҳои мансух ишора рафта ва тавассути ин ду сарчашма ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошад, то имрӯз дар байни мардумони гуногуни олам ба назар мерасад. Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ мебошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Баъдҳо маҳз пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он ҷашни Сада дар миёни мардум густариш пайдо кард.Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷҷамӯи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расониданд. Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти мақулаҳои хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад. Дар ин бора Пешвои миллат дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон парлумони ҷумҳурӣ охири моҳи октябри соли гузашта ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту илова дохил намуд, ки мутобиқи он ҳамасола санаи 30-юми январ дар ҷумҳурӣ Ҷашни Сада таҷлил мегардад.