БАРГУЗОРИИ ИДИ САДА ДАР НОҲИЯИ ФАРХОР

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар таърихи 30 январи соли равон дар Боғи фарҳангӣ фароғатии ноҳияи Фархор бо иштироки аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳивии ҲХДТ, раиси ноҳия муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода, Раҳмонзода Зоир Файзалӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидҷаъфар Усмонзода раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон ва ҳамзамон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ташкилоту идораҳои ноҳиявӣ иди Сада бо як шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд. Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Фархор Назирӣ Зариф Вализода ибрози андеша намуданд, ки Мувофиқи махзанҳои таърихӣ, иди Сада таърихи беш аз 3000 то 5000-соларо дорост. Калимаи Сада аз забони мардуми ориёии қадим гирифта шуда, Оташро ифода менамояд. Дар таърих аввалин подшоҳе, ки иди Садаро ҷашн гирифтааст ва амалӣ сохтааст, Хушанг мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар аксари сарчашмаҳои ориёиҳо мавҷудияти ҳаётро бо чор омил – ҳаво, хок, обу оташ вобаста менамоянд. Дар ин ҷо омили оташ ифода ва омили гармӣ дар муқобили сардӣ буда, нармиву ҳаловатовариро таҷассум менамояд. Ва боз ҳам дар махзанҳои таърихӣ маҳфуз он ақидае аст, иди Сада аз давраҳои Пайғамбарии Зардушт оғоз ёфтааст. Ба ҳар ҳол, иди Сада давраи аз ҳолати хунукӣ ва карахтӣ баромадани табиату набототу ҳайвоноти оламро ифода карда, мардум дар охири фасли сармо дар майдонҳои васеъ ҳезум ҷамъ намуда, оташ меафрӯхтанд. Яъне онҳо бо ин васила, боз ба гармӣ, ба рақсу бозӣ, ба хурсандиву хушҳолӣ гузаштанро талқин менамуданд. Аз тарафи дигар, тоҷикон, ки аз қадимулайём мардуми кишоварз буданд ва то кунун асосан, бо меҳнату заҳмати хеш маводҳои истеъмолӣ ва пӯшиданиро ба даст меоварданд, аввалин таблиғкунандагони ин иди аҷдодӣ-Сада мебошанд. Яъне баъди қайд намудани иди Меҳргон, баъди ҷамъоварӣ намудани маҳсули кори яксолаи деҳқонон, кишоварзон дар фасли тирамоҳ, баъди гузаштани 90-100 рӯз, боз мебояд барои фаъолиятҳои нави эҷодии кишоварзӣ камар бандан. Аз ин лиҳоз, иди Сада иди мужда аз тайёрӣ ва пеша намудани корҳои нав дар ҳаёт аст. Ба маънои дигар, бо афрӯхтани оташ дар маҳал ва дар гирди оташ рақсу бозӣ намудан, ин маънои онро дошт, ки баъди сардиву карахтии фасли зимистон, мебояд боз ба гармиву хушиҳои зиндагӣ рӯй овард. Бо афрӯхтани оташ дар назди хонаҳо ва дигар ҷойҳои муайян, дар марҳилаи ба фано рафтани фасли зимистон, мардуми зиндадили ориёнажод нишон медоданд, ки бо истифодаи қувваи оташ, бо дили гарму нармашон мардуми оламро ба ободкорӣ, ба меҳру муҳаббат, ба дӯстиву рафоқат ҳидоят менамуданд.