ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУҚТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР ДАР ТИҲ “СОМОНИЁН”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Рӯзи 30 январи соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомониён” мулоқоти Саидова Азимо раиси ташкилоти ибтидоии мазкур оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2023 баргузор намуданд. Саидова Азизмо зимни суханронӣ қайд карданд, ки дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад. Аз ин рӯ, Президенти мамлакат ба Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлия ҷиҳати такмили заминаҳои ҳуқуқии пешгирӣ кардани экстремизм ва таҳияи тарзу усулҳои муосири муқовимат бо ин зуҳурот дар муҳлати се моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» – ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Таҷриба нишон медиҳад, ки бартараф намудани манбаъҳои маблағгузории терроризм, яъне муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир омили муҳимми пешрафт дар роҳи мубориза бо ин ҷинояти даҳшатнок ба ҳисоб меравад.