ҲАШАРҲОИ ОБОДОНӢ ИДОМА ДОРАНД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Арча”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизби оид ба баргузории шамбегиҳо нимаи дуюми рӯзи 29 январи соли ҷорӣ ба ҷалби фаъолони ҳизбӣ шанбегии дастаҷамъона баргузор карда шуд. Зимни баргузории ҳашари дастаҷамъона атрофи маҳалла ва шоҳроҳҳо тозаву озода намуда, бехҳои дарахтонро нарм, роҳравҳоро рубучин, гулҳои ороишӣ ва дарахтони ҳамешасабзро батартиб дароварданд