БАРГУЗОРИИ ИДИ САДА ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “АРЧА”

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар таърихи 30 январи соли равон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Арча” бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  ва намояндагони шуъбаи маориф иди садаро бо як шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифтаанд. Дар чорабинии мазкур раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Арча” Миралиев Убайдулло ибрози андеша намуданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати истиқлолияти бадастомада, иди Сада аз нав эҳё гардид ва минбаъд ҳамасола онро дар ҷумҳурӣ санаи 30-юми январ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд.  Ҳамзамон  иди Сада таърихи аз 3 то 5 ҳазорсоларо дорад. Калимаи Сада аз забони мардуми ориёӣ гирифта шуда, оташро ифода менамояд. Дар таърих аввалин подшоҳе, ки иди Садаро ҷашн гирифтааст, Ҳушанг мебошад. Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои басо қадимии мардуми ориёинажод  буда, дар аҳди қадим хеле ботантана пуршукӯҳ, бо шодию сурур, оташафрӯзию гулханфурӯзӣ, рақсу тарона ва оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешуд .  Сада ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромада, таҷлили он башорат медиҳад, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш рӯ овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад. Ҷашни Сада ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо  бо табиат буда, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳору Наврӯз, инчунин кишту кори баҳорӣ ва дигар  корҳои   кишоварзӣ мебошад.