КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МТМУ №53

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 ба ташаббус ва самгузории аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими нозоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон дар доираи амалиёти “Мактаби ман” сохтмони синфхонаҳои иловагӣ бо маром идома доранд. Инчунин дар ин кори сохтмон саҳми аъзои фаъоли ҲХДТ, асосиатсияи падарону модарони мактаб ва собиқ хатмкунандагони сину соли гуногуни ин даргоҳ назаррас аст.