ТАШАББУСИ МАКТАБИ МАН АМАЛӢ МЕГАРДАД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и Ҷамоати деҳоти Дарқад бо саҳмгузории аъзои фаъоли ҲХДТ ва асотсиатсияи падару модарон корҳои азнавсозии иншооти гигиенӣ оғоз гардидааст. Ин корҳои созандаги ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти асосии муассиса дар доираи амалиёти муштараки “Мактаби ман” сохта шуда истодааст. Сокинони деҳаи мазкур пайваста дар чорабиниҳои муассиса иштирок намуда ба қадри имкон саҳми худро дар ободонии мактаби мазкур мегузоранд.