СОХТМОНИ МАНДОНЧАҲОИ ВАРЗИШӢ ДАР ҲУДУДИ НОҲИЯ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Корҳои ободонӣ ҳамарӯза дар ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия дар доираи нақша чорабиниҳои омодагӣ ба истиқболи сазовари ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза касб намуда, бо маром идома дорад. Мақсад аз роҳандозӣ намудани корҳои ободу зебо намудани симои ноҳияи Фархор ва марказҳои маъмурии ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ин бедор намудани ҳисси баланди зебогипарастӣ ва ватандӯстӣ дар дили сокинони ноҳия ва ба васила ҷалби ҳарчи бештари сайёҳону меҳмонон ба ноҳияи Фархори бостони мебошад.Дар Ҷамоати деҳоти Зафар айни замон сохтмони як мандончаи варзишӣ рафта истодааст, ки барои тарғиби ташакули тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон айни мудаост. Сотхмони иншоот бо дастуру супоришҳои аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода роҳандозӣ шуда аст. Худи ҳозир 60 фисади корҳои сохтмони ба анҷом расонида шудааст, ки аз рафти корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти варзишӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад дидан намуданд.