НИҲОЛШИНОНИ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ХУРОСОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

         Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории корҳои сабзу хурмгаронӣ дар Ҷамоати деҳоти Хуросони ноҳия маъракаи ниҳолшинони баргузор карда шуд. Иқдоми мазкур бо ташаббуси аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода роҳандози гардида, дар он масъулини ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия иштирок намуданд. Ҳашарчиён зиёда аз 70 адад дарахтони ороишӣ шинониданд.