БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАЪМОНА ДАР МТМУ №66

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

 

Ба хотири тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф бо иштироки фаъолонаи аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Донишвар” дар назди бинои кории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66 ҳашари умумӣ ташкил карда шуд.  Ҳашарчиён дар ин рӯз зери дарахту ниҳолҳои гуногунро аз алафҳои бегона тоза, бехи дарахтонроро нарм намуданд ва ҷӯйборҳоро тоза карданд. Ҳамзамон дар гушаи дигари мактаб ҳашарчиён ба шинонидари дарахтони ороиши машғули кор буданд.