ВОХӮРИ БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ХУРОСОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Нимаи дуюми рӯзи 25 январи соли ҷорӣ гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сокинони Ҷамоати деҳоти Хуросон оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2023 дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Хуросон бо сокинон ва фаъолони ҷамоат мулоқот баргузор намуданд. Ҳамзамон дар мулоқот иштирок доштанд, Қурбонов Бобоҷон намояндаи ҳукумати вилояти Хатлон, Ғаффорзода Шоҳрӯх муовини раиси ноҳия ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад.Раҳмзода Раъро муовини раиси Шуърои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор зимни суханронӣ баён доштанд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба масъалаи фароҳам овардани фазои мусоид ва ҷорӣ намудани усулҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Ин иқдом идомаи мантиқии чораҳои марбут ба ҳавасмандгардонии соҳибкорӣ, ки қаблан аз ҷониби Сарвари давлат ҷорӣ гардида буданд, мебошад. Зеро маҳз чунин иқдомоти пайгирона шароит фароҳам месозад, ки соҳибкорони ҷумҳурӣ бо дили гарм ва меҳнати содиқона дар таҳкими инфрасохтор, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо ташкили ҷойҳои нави корӣ дар раванди аз давлати  аграрӣ ба мамлакати саноатӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистон ҳиссаи арзишманд гузоранд. Муҳтавои  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар баромади худ қайд намуда иброз намуданд, ки ба кор андохтани агрегати сеюмии нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ – истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Дар идома Вазидо Муҳаммад суханронӣ намуда қайд карданд, ки Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад. Аз ин рӯ, Президенти мамлакат ба Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлия ҷиҳати такмили заминаҳои ҳуқуқии пешгирӣ кардани экстремизм ва таҳияи тарзу усулҳои муосири муқовимат бо ин зуҳурот дар муҳлати се моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» – ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки бартараф намудани манбаъҳои маблағгузории терроризм, яъне муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир омили муҳимми пешрафт дар роҳи мубориза бо ин ҷинояти даҳшатнок ба ҳисоб меравад.