КОРҲОИ ОБОДОНИ ДАР ҲУДУДИ НОҲИЯ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 24 январи соли ҷорӣ дар асоси дастуру суроришҳои раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода ва ҳамзамон дар доираи иҷрои дастури раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба баргузор намудани корҳои ободони зери унвони “Ободии диёр мароми мост” бо ҷалби аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва волонтиёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҳашарҳои дастаҷамона баргузор карда шуданд.Инчунин масъулини муассисаҳои таълимии ноҳия низ ба ҳашар баромада корҳои нарм намудани замин, тоза намудани гулгаштҳо аз ҳар гуна партовҳо, нарм намудани бехи дарахтон, тоза кардани новаҳои бетонии назди коргоҳ ва ғайра ба иҷро расонида шуданд.